Олег Иванов, Сафири Беларус дар Тоҷикистон: «Беларус ва Тоҷикистон ният доранд, ки муносиботи эътимотбахшро ба амалия табдил диҳанд»
ДУШАНБЕ, 13.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14-16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар робита ба ин сафар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов доир ба таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Беларус ва интизориҳо аз ин сафар дар мусоҳибае бо мухбири Агентии иттилоотии Беларус «БЕЛТА» ибрози андеша намудааст. Ӯ дар ин мусоҳиба, аз ҷумла, зикр менамояд, ки «мо аз ин сафар интизор дорем, ки муносибатҳои эътимотбахши байни президентҳоро дар амал татбиқ намоем».
Олег Инванов инчунин дар бораи муносибатҳои тиҷоратии миёни ду кишвар муфассал андешаронӣ намуда, зикр мекунад, ки соли гузашта гардиши мол миёни Баларус ва Тоҷикистон 42,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд аст.
Матни пурраи мусоҳиба бо забони русӣ дар ин ҷо дастрас аст: http://khovar.tj/rus/2018/05/oleg-ivanov-posol-belarusi-v-tadzhikistane-belarus-i-tadzhikistan-namereny-konvertirovat-doveritelnye-otnosheniya-v-prakticheskie-dela/








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






