ҶОМИ КФО-2018: имрӯз «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом медиҳад

Май 1, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом медиҳад.  

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин дидор имрӯз, 1 май дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон соати 18:00  баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 7 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаҳои 4 давр дастаи футболи «Истиқлол» бо 10 имтиёз садрнишини гурӯҳи «D» мебошад.

 

Май 1, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад