Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад

Май 12, 2018 11:49

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Пагоҳ, 13 майи соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз ташкил ва доир намудани чорабинии мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва баровардани маҳсулоти оҳангарӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ  мебошад.

Дар намоишгоҳи мазкур шаҳрвандон ва сайёҳон аз соати 10:00 то 18:00 имкони харидории маҳсули дасти оҳангарони кишварро доранд.

Май 12, 2018 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад