Паул Донелли, коршиноси байналмилалӣ: «Дар Тоҷикистон ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, пирону маъюбон зери ғамхории роҳбарияти давлат қарор доранд»
ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун ва ба хизматрасонии иҷтимоӣ ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд, пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нукта зимни ҷамъомаде, ки вобаста ба таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо таҳти унвони «Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо» дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе доир гардид, зикр шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, намояндагони Вазорати мазкур, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ, директорони муассисаҳои давлатии «Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Турсунзода», «Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Ёвон» ва «Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» ва дигарон иштирок ва сухан карданд.
Зикр гардид, ки ислоҳот ва рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он ва дигар санадҳои амалкунандаи мамлакат бармеояд.
Коршиноси байналмилалии Лоиҳаи «Кумаки техникии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди неруи инсонӣ (марҳилаи 2)» Паул Донелли зимни ҷамъомад иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ба пирону маъюбон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо зери ғамхории роҳбарияти ин давлат қарор доранд. «Далели ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд»,- гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки мақсади ҷамъомади мазкур аз муаррифии фаъолият дар самти таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ иборат буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






