Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ислом ба зоти худ надорад айбе…»

Май 12, 2018 11:39

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад.Ин ҳолат вазъи зиндагии олитарин ҷавҳари офариниш, яъне инсонро дар гаҳвораи ӯ — сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкил гардонида истодааст», — ин нуктаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ  дар мулоқот бо намояндагони  ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, таъкид намуданд.

Сарвари давлат иштирокдорони мулоқотро бо  баъзе таҳлилу арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир ба таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ҳаёти инсоният шинос намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад. Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд. Дар баробари ин, инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ — Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд.

Ба андешаи Пешвои миллат, инсон дар 70 — 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст. Илова бар ин, башарият имрӯз аз офатҳои табиии вобаста ба гармшавии иқлим — хушксолӣ, камобӣ, селу обхезиҳо, офатҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, инчунин маводи мухаддир зарари зиёд мебинад. Масалан, танҳо дар Тоҷикистон аз бемории вируси норасоии масунияти одам, ки ду – се даҳсола пеш дар байни мардуми кишвар умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар ва дар даҳ соли охир аз бемории нашъамандӣ зиёда аз 500 нафар фавтидааст.

Ҳамзамон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ зикр карданд, ки агар дар асри XVII дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри XVIII панҷ миллион, садсолаи XIX тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллионҳо нафарро ташкил додааст.

Бо дахли авзои кунунии ҷаҳон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф зикр карданд, ки ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсоният моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро овард, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд. Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд. Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Яъне аксари мутлақи қурбониёни чунин дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмонон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки магар инсон дар рӯи замин барои эҷоди ҳамин мушкилоту харобкориҳо офарида шудааст? Албатта, чунин нест ва чунин набояд бошад. Зеро на табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонашавандаи он аст ва на Офаридгор, ки барои инсон сабукӣ, оромӣ, саодат ва адлу инсофро мехоҳад, ҷонибдори ин ҳолат нестанд. Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд: — «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост». Бинобар ин, инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад.

Май 12, 2018 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард