РӮЗИ ҶАВОНОН МУБОРАК! Мисли Пешвои миллат ба Ватан содиқона хизмат мекунем!

Май 23, 2018 09:37

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки   раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода,  маросими ҷоизасупории ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ҷамъомад ба ғолибони  озмуни иншои беҳтарин, ки   бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буд, инчунин  ба  хатмкунандагони курси омӯзишии «Ҷавонон  пайрави Пешвои миллат»    шаҳодатнома ва ҳамзамон барои беҳтарин  варзишгарон унвонҳои дараҷаи варзишгарӣ тақдим гардид.

Зимни супоридани  ҷоизаҳо  А.Абдуллозода  зикр кард, ки   «мо умед дорем, ки дар оянда маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» беҳтарин чеҳраҳоро дар  сиёсати идоракунии давлатӣ  ва  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯи кор  меорад. Пайравӣ аз Пешвои миллат масъулияти бениҳоят бузург аст   ва аввалин шаҳодатномаи пайравони Пешвои  миллат   насиби Шумо — ҷавонони хуштолеъ мегардад. Мисли Пешвои миллат барои  халқу Ватан хизмат карданро сармашқи кори худ қарор диҳед».

Дар навбати худ  ҷавонон   баромад намуда,  миннатдории худро ба ташкилкунандагони курсӣ омӯзишии «Ҷавонон  пайрави  Пешвои миллат»  миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар   пайравӣ ба Пешвои миллат  барои рушди  Ватан  содиқона хизмат  мекунанд.

Май 23, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад