РАМАЗОН АМАЛҲОИ ХАЙРРО МЕАФЗОЯД! Япония ба варзишгарони маъюби Тоҷикистон кумак кард

Май 23, 2018 16:03

ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Басо рамзист, ки дар моҳи мубораки Рамазон  шумораи амалҳои хайру савоб  меафзояд.  Чунин як амали хайр  дар Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расид. Дирӯз  бо иштироки  раиси ин Федератсия Абдурауп Алимов ва сафири Фавқулода ва Мухтори Япония  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳаҷимэ Китаока маросими ба анҷом расидани лоиҳаи  «Таъмин  намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб» доир  гардид.

Дар ин бора аз Федератсияи варзишгарони маъюби  ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ лоиҳаи мазкур   баҳри фароҳам овардани шароит барои одамони маъюб тарҳрезӣ шуда, татбиқи он  имкон медиҳад, ки нафарони имконияташон маҳдуд  бо аробачаҳои маъюби варзишӣ таъмин гардида, дар марафон, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ҷудои паролимпӣ ва ғайраҳо иштирок намоянд.

Дар маросими мазкур таъкид шуд, ки  тибқи ин лоиҳа  толорҳои варзишии Федератсия воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Шаҳринав бо  8 аробача барои баскетбол, 8 аробачаи фаъол барои тенниси рӯи миз, 3 аробача барои марафон, 4 адад  роҳдавак, велотренажер, курсии маҳскунӣ ва 300 м2 тати гӯштингирӣ  таъмин гардиданд. Таҷҳизоти мазкур барои тайёр кардани варзишгарон барои мусобиқаҳои байналмилаллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Федератсия дар саросари кишвар мусоидат менамояд.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 82,929 доллари ИМА буда, дар доираи кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Япония  ва барномаи “SPORT FOR TOMORROW” (Варзиш барои фардо) ҷудо  шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта,  мақсади асосии он рушди варзиш байни варзишгарони маъюб дар Тоҷикистон ва таъмини дастрасии оммавӣ ва маъруфияти варзиш байни одамони маъюб мебошад.

Барномаи «Варзиш барои фардо» (SPORT FOR TOMORROW) ба густариш ва ҳавасманд гардондани варзиш, аз ҷумла,  ҳаракати олимпӣ ва паролимпӣ барои одамони синну соли гуногун ва ҷавонони ояндасоз равона шудааст. Барнома дар давраи солҳои 2014 – 2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё  фаро  мегирад.

 

Май 23, 2018 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд