Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси ҲХДТ: «Омӯзиши таҷрибаи Ҳизби Коммунистии Чин барои мо муҳим аст»
ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ “Ховар”. Дар доираи Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён муовини Вазири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Гуэ Джо ба ҳузур пазируфт.
Гуэ Джо ба ҳайси мизбон ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки чунин ҳамоишҳо аҳзоби сиёсиро ба ҳам наздик меоранд: «Хеле шодем, ки даъвати моро роҳбарияти ҲХДТ пазируфт ва намояндагонашро ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш фиристод. Агар лозим донед, таҷрибаи моро бо мақсади ободию пешрафти ватанатон истифода баред»,- гуфт ӯ.
Раъно Бобоҷониён дар навбати худ чунин изҳор дошт: «Барои мо омӯзиши таҷрибаи ҳизбҳои тавоно дар мисоли Ҳизби коммунисти Чин бисёр муҳим аст. Чанд лаҳза пеш мо Намоишгоҳи дастовардҳои технологияи инноватсионии музофоти Гуандунро тамошо кардем. Ба ин ҳақиқат бовар кардем, ки дар зарфи 40 сол Шинҷон аз як шаҳри кучак, ки 30 ҳазор аҳолӣ дошт ба шаҳри бузурги ҷамъияти 12 миллион нафара табдил ёфт. Имрӯз технологияи инноватсиониаш на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар саросари ҷаҳон машҳур аст».
Муовини Раиси ҲХДТ аз ҳамкориҳои ин ду кишвар ёдовар шуд, ки дар садри он сарварони ин давлатҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чинаш Си Ҷинпин меистанд. Гуо Джо гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ қарор доранд: «Мо намегӯем роҳи моро интихоб кунед, балки нишон медиҳем, ки мо бо ин роҳ ба чунин дастовардҳо расидем».
Мавсуф дар охир афзуд, ки ташрифи навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Форуми сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-10 июн дар шаҳри Тсиндаои музофоти Шандун баргузор мегардад, интизоранд.
Алӣ ҶӮРА,
аз шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин
махсус барои АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






