Шӯрои Маҷлиси намояндагон ду созишномаро мавриди баррасӣ қарор дод

Май 28, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ  мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Созишномаи мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода муаррифӣ намуд.

«Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона  шудааст. Тибқи ин Созишнома, ҳар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунандаро  барои  сармоягузорӣ кардан  дар қаламрави худ ҳавасманд гардонида,  сармоягузориҳоеро иҷозат диҳанд, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошад», — изҳор дошт Ш. Раҳимзода.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки  Созишнома ба муҳлати 10 сол эътибор дошта, Тарафҳои аҳдкунанда метавонанд бо огоҳиномаи хаттӣ созишномаи мазкурро тамдид ва ё қатъ гардонанд.

Аъзои Шӯрои  Маҷлиси намояндагон  ҳамчунин Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»-ро мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Дар анҷом роҷеъ ба ҳарду Созишнома қарорҳои дахлдор қабул  гардиданд.

 

Май 28, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид