«СОАТИ ПАРЛУМОНӢ»: Вакилони мардумӣ вазъи соҳаи фармасевтии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Май 15, 2018 16:13

ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 май бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар «Соати парлумонӣ» дар мавзӯи «Вазъи соҳаи фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ»  баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода баромад намуда, изҳор дошт, ки «Бақайдгирии доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб амалӣ мешавад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 4540 маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз онҳо  2340 номгӯяшон дар давлатҳои муштаракулманофеъ ва 2200 номгӯи дигарашон дар кишварҳои хориҷи дур истеҳсол гардидаанд».

Ба зикри мавсуф, аксари дорувориҳои бақайдгирифташуда ба давлатҳои Россия, Украина, Ҳиндустон, Австрия, Германия ва Венгрия рост меоянд. Бо мақсади ҳавасмандгардонии бақайдгирӣ ва истифодаи маводи дорувории генерикӣ маблағи бақайдгирии онҳо нисбати маводи дорувории аслӣ (фирмавӣ), тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қариб ду маротиба арзон гардидааст, ки ин ба зиёд гардидани маводҳои дорувории генерикӣ дар бозори фармасевтӣ мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар солҳои охир воридоти маводи доруворӣ зиёд гардидааст. Агар дар соли 2000-ум ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4 899 349 доллари америкоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошад, ин нишондод дар соли 2017 ба 47 357 652 доллари америкоӣ расид, ки зиёда аз 10 маротиба афзудааст.

Дар солҳои охир назорати сифати маводи доруворӣ ба таври назаррас зиёд гардидааст, ки сабаби асосии он мукаммал гардонидани озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва реактивҳо мебошад. Айни ҳол 32 корхона истеҳсоли зиёда аз 242 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ  мондаанд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ баъди саволу ҷавобҳо  вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул намуданд.

 

 

Май 15, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт