Сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси тиббии ройгон гузаштанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, корвони саломатии Вазорати тандурустии кишвар бо роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардид.
Дар оғози ин чорабинии муҳими тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки соҳаи тиб дар кишвар сол ба сол рушду такмил меёбад ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мунтазам боло меравад.
Дар рафти чорабинӣ беш аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси комилан ройгони тиббӣ гузаштанд. Аз ҷумла, 439 нафар аз ташхиси Вируси норасоии масунияти одам /ВНМО/, 511 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 192 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузаштанд. Инчунин 425 нафар кӯдакон хатна карда шуданд.
Ҳамзамон ба шахсони маъюб 11 адад аробачаи маъюбӣ, 53 адад асо ва 40 ҷуфт пойафзол тақдим гардид.
Илова бар ин, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» гиёҳҳои шифобахш ва нӯшобаҳои аз онҳо омодашударо миёни сокинон тақсим намуд.








Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






