Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми дзюдои Аврупо миёни ҷавонон, ки 19-20 май дар шаҳри Ла-Коруня Испания доир гардид, медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни 73 киллограм дар марҳилаи аввал нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари Исроил Дин Яааков Гемер шикаст хӯрд. Варзишгари тоҷик муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод. Дар Ҷоми дзюдои Аврупо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлати дунё ширкат намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Россия бо 8 медали тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ ҷои аввалро гирифт.
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Федеративии Германия бо 3 медали тилло, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Франсия бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 12-ум қарор гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






