ТАВАҶҶУҲ! Мехоҳед ба ҳайси ронанда дар автобусҳои шаҳрӣ ба мусофирон хизмат расонед? Пас шитобед!
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хоҳишмандонро ба ҳайси ронандагони автобусҳои шаҳрӣ даъват менамояд.
Дар эълоне, ки дар сомонаи расмии Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷой дода шудааст, гуфта мешавад, ки ронандагони дорои шаҳодатномаи ронандагии тахассуси дараҷаи «D» ва собиқаи кории на кам аз панҷ сол метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3» бо суроғаи кӯчаи «Варзишгарон» – 5, кӯчаи «Н.Ҳувайдуллоев» – 5 ва кӯчаи «С.Айнӣ» – 66 пешниҳод намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар роҳҳои пойтахт ҳамарӯза беш аз 2 ҳазору 200 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд, ки аз ин омор 200 ададро — автобус, 76 ададро — троллейбус ва наздик ба 2000 ададро — микроавтобусҳо ташкил медиҳанд. Инчунин дар пойтахт 68 хатсайри мусофирбар, аз ҷумла 45 хатсайри микроавтобусҳо, 15 хатсайри автобусҳо ва 8 хатсайри троллейбусҳо фаъолият менамояд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Фирдавс Саидзода иттилоъ дод, фосилаи ҳаракати автобусҳо дар соатҳои афзоиши анбуҳи мусофирон дар хастсайрҳои №1,№2,№3, №7, №8,№18 ва №28 аз 3 то 5 дақиқа ва дар соатҳои маъмулӣ аз 5 то 7 дақиқаро ташкил медиҳад.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






