«ТУ БЕҲТАРИН!». Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирокчии даври нимниҳоии Озмуни байналмилалӣ Меҳрона Ғайбуллоеваро бо карнаю сурнай ва дафу дойра истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирокчии даври нимниҳоии Озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавон «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») Меҳрона Ғайбуллоеваро барои ҳунарнамоии сазовораш ба таври сазовор – бо садои карнаю сурнай ва дафу дойра истиқбол намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.
Дар фурудгоҳи пойтахт Меҳронаро роҳбарияти Коллеҷи давлатии санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, устодону ҳамсабақон, хешу ақрабо ва дӯстонаш пазироӣ намуданд. Сарояндаи ҷавону боистеъдоди тоҷик таҳти садои баланди карнаю сурнай ва дафу дойра аз фурудгоҳ беру номад.
Шиносону наздикон ва мухлисони овози Меҳрона ба ӯ барои муваффақияти дар саҳнаи байналмилалӣ ба даст овардааш изҳори сипос намуданд: «Офарин, Меҳрона! Ту воқеан боғайрат будаӣ. Дар чунин саҳнаи калон дар рӯи ба рӯи ҳунармандони машҳур ва теъдоди зиёди тамошобинон рост истода, бо маҳорати баланд суруд хондӣ. Мо ҳама, тамоми Тоҷикистон ба ту мухлисӣ мекардем ва бовариамонро ба ҷо овардӣ. Ташаккур ба ту!..».
Дар навбати худ Меҳрона Ғайбуллоева ба ҳозирон изҳори сипос намуд: «Ман хеле шодам! Ташаккур барои ҳаводорӣ ва пазироиатон! Ҳамаи шуморо дӯст медорам! Боке нест, ки ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтам. Бо ин зиндагӣ ба охир намерасад. Ман дар оянда ҳам овозхонӣ мекунам ва номи коллеҷ ва Тоҷикистони азизро баланд мебардорам!..».
Воқеан ҳам натиҷаи бадастовардаи Меҳронаро дар саҳнаи Озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!»), ки аз ҷониби Агентии иттилоотии «Спутник» ва шабакаи телевизонии «НТВ»-и Россия роҳандозкарда шуд, муваффақият номидан мумкин аст, зеро роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии чунин озмуни бонуфуз на ба ҳар касс даст медиҳад. Илова бар ин, дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 нафар сарояндагони ҷавон аз 13 кишвари олам ширкат намуданд ва ба намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин шомил шавад.
Хотиррасон менамоем, ки Меҳрона Ғайбуллоева дар курси якуми Коллеҷи давлатии санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов таҳсил менамояд. Ӯ аз кӯдакӣ ба овозхонӣ шавқ дошта, борҳо дар консерту барномаҳои шаҳрию ҷумҳуриявии кишварамон ҳунарнамоӣ намудааст. Иштироки ӯ дар озмуни байналмилалӣ бори аввал буд.









Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






