Варзишгарони навраси тоҷик дар шаҳрҳои Тошканд ва Бейрут 4 медал ба даст оварданд

Май 11, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 май дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ва дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон оғоз шуд, ки варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали ҳарду мусобиқа сазовори 4 медал шуданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  шаҳри Тошканд рӯзи аввал варзишгарони навраси қораи Осиё дар 5 вазн – 44 кг, 48 кг, 51 кг, 55 кг ва 60 кг барои медалҳо рақобат карданд. Варзишгарони  тоҷик  дар 4 вазн қувваозмоӣ намуданд. Асламҷон Азизов дар вазни 45 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамоти бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари японӣ Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 кг-ро сазовор шуд, мағлуб гашт. Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад.  Варзишгари дигари  тоҷик  Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг сазовори медали нуқра шуд. Фирӯз рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев, баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари японӣ Ватару Сасакӣ шикаст хурд.

Ёдовар мешаваем, ки рақобатҳо имрӯз дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 80 кг, 92 кг ва 110 кг идома меёбад.

Дар  шаҳри  Бейрут низ дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон варзишгарони тоҷик 2 медал ба даст оварданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кг варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт.

Имрӯз варзишгарон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг барои медалҳо талош меварзанд.

 

Май 11, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад