Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон насаби худро иваз намуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов насабашро ба тарзи миллӣ иваз кард ва акнун ному насаби ӯ Сироҷҷидин Муҳриддин мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Вазири корҳои хориҷӣ чанд рӯз пеш номашро расман иваз намуд. Акнун дар насаби ӯ номи падараш мебошад», — зикр намуд яке аз кормандони ВКХ.
Дар ин бора дар сомонаи расмии ВКХ ҶТ низ хабар дода мешавад. Ҳамчунин номи вазир дар тарҷумаи ҳолаш низ таҳрир шудааст.
Сироҷҷидин Муҳриддин 54-сола буда, аз моҳи ноябри соли 2013 инҷониб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ (2004-2005), намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ (2005-2013), Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк фаъолият кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






