Агентии омор соли оянда аз шакли коғазӣ пурра ба шакли электронӣ мегузарад-натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор»
ДУШАНБЕ, 26.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» /ЕКАСТАТ/ 26 июн дар дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории ҳамоиш бо ҳузури кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва шарикони рушд натиҷагирӣ гардид.
Ҳангоми муаррифии татбиқи лоиҳаи мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зикр кард, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» аз моҳи майи соли 2015 то моҳи июни соли 2018 дар саросари кишвар бо мусоидати молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии шарикони рушд, назири ширкатҳои «DevStat» (Испания), «ODW Consulting», «UDA Consulting», «CAI Consulting» амалӣ карда шуд. Дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» иҷрои корҳо дар самти мукаммал намудани низоми миллии омор, гузариш ба ҳисоботи электронӣ, таъмини таҷҳизоти наву муосир барои нигоҳдории маълумоти оморӣ ва ҳисоботи электронӣ ба анҷом расонида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур ба самти тақвияти низоми миллии омор равона гардида, он дар дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии омор амалӣ карда шуд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда панҷ тадқиқоти интихобии якдафъаина, ки бевосита дар чаҳорчӯби онҳо як зумра индикаторҳои оморӣ, ки то ин дам мақомоти омор ҷамъоварӣ карда наметавонист, гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2018 -2022» баррасӣ гардид.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҷамъбасти таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Қосимов гуфт, лоиҳаи нав, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» таҳия карда шудааст, фарогири масъалаҳои марбут ба гузариш ба ҳукумати электронӣ, вобаста ба пайгирии нишондиҳандаҳои ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2018 -2022», ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ таҳия гардидааст, алҳол дар сатҳи мувофиқанамоӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар қарор дошта, бо дарёфти шарикони рушд лоиҳаи мазкур амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон бо дахли нақши мақомоти омори кишвар дар рушди ҳукумати электронӣ Хуршед Қосимов зикр кард, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда дар густариши ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.
Мавсуф афзуд, ки алҳол аз ҷониби мақомоти омори Тоҷикистон 334 шакли ҳисоботи оморӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар ин росто, ҷиҳати гузариш ба ҳукумати электронӣ мақомоти омор барои кам ё паст кардани сарбории ҳисоботсупорандагон гузариш ба ҳисоботи электрониро пешаи худ кардааст. Дар ин самт 17 шакли ҳисоботи оморӣ тариқи электронӣ қабул карда мешаванд.
«Дар нақша аст, ки соли равон беш аз 8 шакли ҳисоботи дигар роҳандозӣ шуда, соли оянда аз шакли коғазӣ пурра ба шакли электронӣ гузарем. Бо ин амал ҳисоботсупорандагон имкон доранд бо истифода аз дастгоҳҳои муосир ҳисоботи омориро тариқи электронӣ пешниҳоди мақомоти омор созанд, ки ин дар самти рушди ҳукумати электронӣ дар мамлакат қадами муассир мегардад»,- афзуд сардори Раёсати Агентии омори кишвар.











ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






