«АМНУ СУБОТ ДАР МАМЛАКАТ ҲОСИЛИ ВАҲДАТ АСТ». Ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Сулҳу осоиш ва суботи Тоҷикистон маҳз шарофат ва баракати  Ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯз  ба пешрафту шукуфоӣ, субот  ва сарҷамъии мардуми  мамлакатамон кишварҳои хориҷӣ бо чашми ҳавас  менигаранд, ки ин мояи  ифтихори кулли тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзист. Ин нукта  дар  ҳамоише, ки 26 июн- дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони  «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун омили   таҳкимбахши  Ваҳдати миллӣ» дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, ниҳоду марказҳо, пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ ва донишмандону коршиносон ширкат намуданд.

Директори  Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи  «Паём ҳамчун  рамзи муҳими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан  карда, гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҳамасола ба Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси  Олӣ  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад, ҳамчун санади муҳим дурнамои рушди ҷомеаи мамлакатро дар бахшҳои  гуногун муайян менамояд.  Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат ҳамчун рамзи муҳими давлатдории миллӣ эътироф гардида,  дар таҳкими бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад.

Ҳамзамон  дар назди иштирокдорони ҳамоиш узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон  Насиба Содиқова роҷеъ ба «Таҳаввули  муҳтавои  Паём  ва таъсири он ба вазъи  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳабдаҳум аст, ки ба Маҷлиси  Олӣ пешниҳод мегардад. Он ҳамқадами Парлумони мамлакат буда, падидаи  муҳими сиёсӣ дар рушди  давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Зеро Паёми Пешвои миллат фарогири масъалаҳои мубрами сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, омили тақвияти  ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи кишвар мебошад. Маҳз дар Паёмҳои  солҳои охири Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, хусусан се соли охир эълон гардидани «Соли оила», «Соли ҷавонон»  ва «Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ» аз дурнамои рушди сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини  суботи ҷомеа (Соли оила), ояндаи миллат (Соли ҷавонон)  рушди захираҳои зеҳнию инсонӣ, муаррифии кишвар ҳамчун сарзамини дорои имконият ва иқтидорҳои бои туристӣ  ва ҳунарҳои дастӣ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ)  шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон доир   ба дигар  паҳлуҳои  масоили ваҳдати миллӣ   дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таърихии  ироаи Паём дар Тоҷикистон   ва масъалаҳои усулии он, таҳкими суботу амнияти миллӣ  ва ҳуқуқу озодиҳои инсон  дар Паёмҳои  Президенти Ҷумҳруии Тоҷикистон, нақши Паёмҳои Пешвои миллат дар  таъмини адолати судӣ  ва масъалаҳои  сулҳу субот ҳамчун  мавзӯи меҳварии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.

Иштирокдорони ҳамоиш  нақши Паёмҳои миллатро ба Парлумони мамлакат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, фароҳам овардани шароити арзанда барои ҷомеа, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва пешрафту шукуфоии он муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Июнь 26, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад