Аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон 10 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ирсоли расми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе 10 нафар ронандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ хабар дод, пас аз қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон нозирони роҳ аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ, ки дар расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон омадааст, нисбат ба онҳо тадбир андешиданд. Дар натиҷа 10 нафар ронандагон, ки нисбат ба риояи талаботи қонунгузорӣ хунукназарӣ менамуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.
Илова бар ин, ронандагони қонуншикан барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот доданд.
Ҳамчунин дар натиҷаи татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок аз 18 то 24 июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2847 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ бетараф набуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон муосидат менамоянд, миннатдорӣ баён менамояд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандон мо метавонем пеши роҳи чунин зуҳуротро гирифта, барои ба яке аз пойтахтҳои намунавии кишварҳои минтақа табдил додани шаҳри Душанбе муваффақ шавем.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






