Барномаи кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба обро баррасӣ мекунад

Июнь 20, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Маросими тантанавии ифтитоҳи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» идома дорад.

Дар назди иштирокдорони ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, раиси сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ Мирослав Лайчик, намояндаи доимии Ҷумҳурии Чехия дар СММ ва ҳамзамон Раиси Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоии (ECOSOC) Созмони Милали Муттаҳид Мари Хатардова, дигар намояндагони воломақом аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маъруза карданд.

Ҳамаи маърузакунандагон аз баргузор шудани Конференсияи сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе истиқбол намуда, таъкид намуданд, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва тамоми мушкилоти вобаста ба обро танҳо дар сарҷамъӣ ва мусоидат бо ҳамдигар метавон бартараф кард.

Хотиррасон мешавем, ки қабл аз Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷаласаҳо дар мавзуъҳои «Аз сухан ба амал», «Об ва илм», «Об ва иқлим», «Об ва муҳочират» баргузор карда шуданд.

Конференсияи байналмилалии Душанбе ду рӯз идома меёбад. Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони Конференсия дар ҷаласаҳо ва сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла, «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои меҳмонони хориҷӣ аз 117 кишвари ҷаҳон сайёҳат ба НБО «Норак», шаҳри Ҳисор ва сохтмони неругоҳи аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва манфиатовар- НБО «Роғун» ташкил карда мешавад.

Июнь 20, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон