Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкориро бо Тоҷикистон тавсеа мебахшад

Июнь 22, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз вохӯрии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Бетси Нелсон, ки бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар оғоз муовини Сарвазир хонум Бетси Нелсонро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди таҳкиму тавсеа бахшидани муносибатҳои некбинона бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низоми ҳамкории хуб ва судмандеро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аз пешсафони ташкилотҳои байналмилалии молиявие мебошад, ки дар кишвари мо бомуваффақият кору фаъолият мекунад.

Аз ҷониби ин Бонк то имрӯз зиёда аз 120 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ бо маблағи беш аз 634 миллион евро маблағгузорӣ гардидааст.

Новобаста аз ин дастовардҳои муштарак, ҳамкорӣ дар самтҳои ташаккули шароити  сармоягузорӣ, рушди фаъолияти бонкӣ, молиявӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои афзалиятнок ба дастгирии бештар ниёз доранд.

Бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз фурсате фаро расидааст, ки лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ барои солҳои 2018-2020 таҳия гарданд ва механизми маблағгузории онҳо низ муайян карда шаванд.

Муовини Сарвазир зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи афзалиятҳои Стратегияи миллӣ, дар самти тавсеа ва рушди истеҳсолоти ватанӣ, тавассути ташаккул додани шароити мусоиди молиявӣ, инфрасохторӣ ва андозию гумрукӣ кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода истодааст.

Зарур аст, ки барои рушду барқароросозии соҳаҳои воқеи иқтисод, маблағгузории дарозмуҳлат бо фоизи мувофиқи қарзӣ ё грантӣ ба роҳ андохта шавад.

Дар ин радиф ҷонибҳо таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои мутақобиларо дар бахшҳои фаъолияти бонкӣ, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, ташаккули бозори энергетикӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии бахши хусусӣ аз самтҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳо ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобила минбаъд низ густариш меёбанд ва маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи инфрасохтор аз афзалиятҳо боқӣ мемонад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

 

Июнь 22, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид