Оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ

Июнь 24, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 24-уми июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.

Нахуст дар ин мавзеъ Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули заҳмати сокинони ноҳия, хоса маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба таври васеъ ба маъраз гузошта шуда буд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сармоягузории Ширкати алюминийи тоҷик, аз қабили сохтмони корхонаи истеҳсоли соддаи каустикӣ ва поливинилхлорид бо иқтидори 50 ҳазор тонна соддаи каустикӣ ва 50 ҳазор тонна поливинихлорид дар ноҳияи Ёвон, сохтмони корхонаи истеҳсоли алюминий бо тавоноии 100 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи бойгардонии ноҳияи Айнӣ дар асоси кони Қазнок муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши дастовардҳои КВД «ТАЛКО Кемикал»-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли криолит, фториди алюминӣ, каогулянт ва кислотаи сулфат машғул мебошад баргузор карда шуд.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСК «ТАЛКО Голд», ки аз ҷониби муттахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуданд.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду — се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт.

Солҳои охир ҳаҷми истихроҷу коркарди сурма боз ҳам афзудааст.

Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад.

Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳандаҳо бо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд.

Бинобар ин, роҳбарияти корхона, хусусан ҷониби Хитойро, ки масъули лоиҳакашӣ ва воридкунандаи технология мебошанд, зарур аст, ки хатти технологиро на танҳо барои унсурҳои асосӣ, яъне тиллову сурма, балки барои унсурҳои ҳамроҳ — нуқра, симоб ва флюорит низ ҳатман ба назар гиранд.

Баъди шиносои бо лоиҳаи ҶСП «ТАЛКО Голд» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст.  Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулони ширкат дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, ба зиндагии арзанда шарафёб мегарданд.

Оғози сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ 24.06.2018

Июнь 24, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд