Дар Арманистон ҷаласаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид

Июнь 9, 2018 10:55

ДУШАНБЕ, 09.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. 7–8 июни соли 2018 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки давлатҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Арманистон баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро татбиқи сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки чанд соли охир самтҳои мухталифи варзиш, бозиҳои миллии варзишӣ дар доираи давлатҳои ИМД бемайлон рушд намуда, дастовардҳои варзишгарони кишварҳо дар ин давра бесобиқа арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои то 2020, Барномаи дастгирӣ ва рушди намудҳои варзиши миллӣ дар ИДМ барои солҳои то 2020 ва Нақшаи чорабиниҳои варзишӣ барои солҳои 2019 – 2020 оид ба амалисозии сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба такмили корҳо оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тиббии варзишӣ, зидди допинг ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзишро баррасӣ намуданд.

Бояд ёдовар гардид, ки Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои иштирокчии ИДМ соли 2007 таъсис ёфта, он аз намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Россия иборат аст.

Шӯро ба омӯзиши тамоюл ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак, ташкили чорабиниҳо оид ба солимгардонии аҳолӣ, омодасозии захираҳои варзишӣ ва варзишгарони маҳорати олӣ, рушди ҳаракати олимпӣ, тарғиби варзиш ҳамчун воситаи самараноки мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ машғул мебошад.

Июнь 9, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд