Дар ҷашни 400-солагии Россия маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва анвои таомҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд

Июнь 21, 2018 16:13

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  400-солагии Россия  дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Федератсияи Россия фестивал-озмуни «Ҳунарҳои миллии мардуми Сибир»  баргузор гардид.  Дар  фестивал дар баробари намояндагони дигар  халқу миллатҳо аъзои Ҷамъияти минтақавии тоҷикони шаҳри Новокузнетск таҳти унвони «Дӯстии миллати тоҷику рус» иштирок намуданд.

Тавре ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» мудири бахши фарҳанги ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Дилшоди Рамазонӣ иттилоъ дод,  дар фестивал-озмуни мазкур  тоҷикони муқими  Новокузнетск либосҳои миллӣ, китоб, ашёи рӯзгори дастисохт, ҳунарҳои мардумӣ, таому хӯришҳои миллии тоҷикиро ба тамошо гузоштанд. Ин ҳама маҳсулот инъикосгари фарҳанги ғании миллати тоҷик буда, аз таъриху тамаддуни қадимии мо дарак медод.

Зимни шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик раиси шаҳри Новокузнетск Сергей Кузнетсов ба миллати тоҷик барои пос доштани анъана ва ҳунарҳои мардумиашон  аҳсан гуфт.

Ӯ ҳамчунин барои фаъол будан дар ҳама чорабиниҳои шаҳрӣ ва муносибати дӯстона бо ҷамъиятҳои дигар халқу миллатҳои ин минтақа ба  Ҷамъияти тоҷикон ва роҳбари ҷамъият Шавкат Тоҳиров бо изҳори сипос Раҳматномаи Фахрӣ–№1 ҳадя намуд.

Садбарг БОҚӢ,
мухбири   АМИТ «Ховар» дар ФР

 

Июнь 21, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе