Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баландро зиёда аз 250 хабарнигори ВАО-и хориҷӣ инъикос мекунанд

Июнь 20, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои инъикоси ҷараёни кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки субҳи имрӯз дар Душанбе бо ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Афғонистон, роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ кард, зиёда аз 250 нафар хабарнигорони воситаҳои ахбори омма аз кишварҳои Россия, Шветсия, Индонезия, Малайзия, Туркманистон, Афғонистон, Покистон иштирок доранд.

Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 14 хабарнигор аз телевизионҳои «Тулуъ», «Роҳи фардо», «Ориёно», «Хуршед», «Садои Озодӣ» даъват шудаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо хабарнигори телевизиони «Роҳи фардо»-и Афғонистон Ризо Шаҳир ҳамсуҳбат шуд. Ба андешаи Ризо Шаҳир, баргузор шудани Конференсияи  байналмилалӣ бо ҳузури сарони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Покистон аҳамият ва нуфузи Конференсияро дар сатҳи баланд муаррифӣ мекунад.

«Воқеан об манбаи ҳаёти инсон аст ва барои пешбурди ҳаёт дар рӯи замин нақши калидӣ дорад. Бахусус, барои кишварҳое, ки шадидан ба камбуди об мувоҷеҳанд, баргузор шудани ин Конференсия пайомадҳои хуб дошта метавонад. Тоҷикистон- ҳамсояи наздик ва дӯсти Афғонистон манбаъҳои обии ғанӣ дар ихтиёр  дорад. Ҳамоиши Душанбе, ки ҳоло ҷараён дорад, метавонад ба кишвари мо дар масъалаи таъмин бо об мусоидат намояд. Ҳамон тавре ки Тоҷикистон ба Афғонистон дар таъмини энержӣ кумак мерасонад. Солона Афғонистон як қисм энерҷии воридотии худро аз Тоҷикистон мегирад. Умедворем, ки чунин ҳамоишҳо идома дода мешаванд, то ин ки роҳкорҳои муносиб дар қисмати камбуди об, ки дар ҳоли ҳозир ҷаҳонро таҳдид мекунанд, пайдо ва амалӣ карда шаванд»,- зикр кард ҳамсуҳбати «Ховар».

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло ва ҳамроҳони ӯ шоми дирӯз ба Душанбе ворид шуданд. Дар ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар баробари Абдулло Абдулло намояндагон аз Вазорати энержӣ ва оби Афгонистон низ иштирок доранд.

 

 

Июнь 20, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?