Дар Душанбе мутобиқсозии талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 //АМИТ «Ховар». Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Ташкилоти базавӣ оид ба танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа аз он ёдовар шуданд, ки 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор шуд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар ин раванд қабул гардиданд, барои боз ҳам беҳтару бештар ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни давлатҳои Иттиҳод мусоидат хоҳад кард.
Сипас самтҳои гуногуни мутобиқсозии талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ ва масъалаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи иттилоотӣ-моделсозии сохтмонӣ баррасӣ гардиданд.
Масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласа матраҳ гардиданд, фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти корҳои сохтмонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ ва рушди сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буданд.
Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи Созишнома оид ба принсипҳои умумии системаи ҳуҷҷатҳои меъёрии байнидавлатӣ баррасӣ гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамоҳангсозии талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар сохтмони давлатҳои узви ИДМ муайян карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсат дар ИДМ аз 1 январи соли 2018 аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Давоми як сол дар Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






