Дар Душанбе зимни конфронс масъалаи таъмини аҳолӣ бо ғизои солим матраҳ шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ва пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ ва таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот ба мақомоти дахлдори кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Ин нуктаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ дар конфронси байналмилалии «Пешравиҳои Тоҷикистон дар таъмини устувори аҳолӣ бо ғизои солим», ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир гардид, баён намуд.
Таъкид шуд, ки мақомоти давлатӣ муаззаф гардидаанд, ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар намудани зарурати йодноккунии намаки истеҳсолшаванда ва воридотӣ, ворид намудани элементҳои иловагии дар таркибашон оҳан ва витамини А ба бастаи хизматрасониҳои асосӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷорӣ намудани «Консепсияи ғизо барои мактаббачагон», «Стратегияи амалиёт оид ба беҳтар кардани сифати ғизо», татбиқи Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ, пешгирии норасоии ғизо, мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквориро роҳандозӣ намоянд.
Зикр шуд, ки барои таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ дар кишвар моҳи декабри соли 2017 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар доираи Стратегияи милли рушд то солҳои 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, ин ҳадафҳо дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ то солҳои 2030 ҳамчун ҳадафҳои асосии ҷаҳонӣ низ боқӣ мондаанд.
Дар масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи барномавӣ ташаккул додааст, ки он тавассути иҷрои стратегия ва барномаҳо амалӣ мегардад. Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020, Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020, Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 аз ҳамин қабиланд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






