Дар Хатлон маводи зиёди доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлатгузашта нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар беш аз 9 ҳазор адад маводи доруворӣ, тиббию ороишӣ ва гигиение, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 767 номгӯй маводи нобудшуда 502 номгӯй ё 91 ҳазору 814 ададаш дар асоси мактубҳои панҷ ширкати фармасевтӣ барои нобуд кардан ба анбори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон супорида шуд. Аз ҷамъи умумии мавод 265 номгӯй ё 170 ададашро мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷишҳои нақшавӣ аз муомилот бардоштаанд.
Маводи номбаршуда дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар ба таври сӯзонидан нобуд карда шуд.
Гуфта мешавад, ки нафароне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, аз тарафи Сарраёсат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Сарраёсат давоми 6 моҳи соли равон 100 санҷиш гузаронида, нисбат ба нафароне, ки қонунро риоя накардаанд, 1400 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол намуданд.
Ҳоло дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 395 дорухонаи тобеи 42 ширкати фармасевтӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






