Дар Хуҷанд доир ба ҳамкории муассисаҳои таълимӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид
ХУҶАНД, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмии байналмилалӣ доир гардид.
Дар кори он муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус ширкат намуданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва намоиши ҳунарҳои мардумии аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ омодашуда дидан намуда, бо фаъолияти осорхонаи донишгоҳ, марказҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар кори конфронс намояндагони 9 донишгоҳ, ҳамзамон 7 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, ду донишгоҳ аз шаҳри Тошканд, инчунин донишгоҳҳои Самарқанду Андиҷону Бухоро, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, инчунин аз Донишгоҳи иқтисод ва савдои Беларус, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, намояндаи Оҷонсии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ва филиали Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.
Зимни конфронс иштирокдорон доир ба мақсад, вазифа ва ҳадафи он, омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳо бо ҳамдигар ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






