Дар «Кохи Сомон» барои иштирокдорони Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Намоишгоҳ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» баргузор гардид

Июнь 20, 2018 14:34

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» намоишгоҳи баналмилалӣ ташкил карда шудааст. Меҳмонону иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ имкон доранд зимни танаффуси ҷаласаҳои пленарӣ аз Намоишгоҳи байналмилалӣ дидан кунанд.

Ҳадафи баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалӣ намоиши натиҷаҳои босамари тадбирҳое мебошад, ки дар доираи ин Даҳсолаи байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин самт истифодаи дастовардҳои илмиву техникӣ ва фаннӣ ҷиҳати беҳтар намудани захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо мувофиқи мақсад дониста шудааст.

Намоишгоҳи байналмилалӣ барои тақвият ва рушди минбаъдаи ҳамкории судманди мутақобила миёни мақомоти дахлдори кишварҳои гуногуни сайёра дар соҳаи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат мекунад. Дар ҳошияи Намоишгоҳи мазкур миёни ҷонибҳои манфиатдор робитаҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.

Намоишгоҳ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил шуда, дар он ба нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалӣ дар сатҳи кишварҳои алоҳида, минтақа ва ҷаҳон, идоракунии маҷмӯи захираҳои вобаста ба об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳал, минтақа ва ҷаҳон, кам намудани хавфҳои табиӣ вобаста ба об, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист таваҷҷуҳ дода шудааст.

Дар Намоишгоҳ созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазорату идораҳои давлатҳои алоҳида, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат доранд.

 

Июнь 20, 2018 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон