Дар Суғд оилаҳои ниёзманд аз кумакҳои рамазонӣ бархурдор мешаванд

Июнь 1, 2018 10:32

ХУҶАНД, 1.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст дар моҳи хайру эҳсон- моҳи шарифи Рамазон ба 7600 оила, нафарони яккаву танҳо ва маъюбон кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маводи зарурӣ расонад.

Ин амри хайр вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 майи соли равон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ҷиҳати дар моҳи шарифи Рамазон дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дода шуданд, роҳандозӣ гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ  доданд, ҳамчунин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии вилоятӣ тақсими кумакҳои моддӣ идома дорад.

 

Июнь 1, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад