Дар тӯли фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Парламент корхонаи азими роҳсозии миллат ва давлат аст. Ин роҳро мо то кадом дараҷа суфта, сифатнок, ба сӯи ормонҳо ва хостаҳои халқ ва ба манфиати имрӯзу фардои давлат ва соҳибихтиёрии миллат месозем, ба ҳамон андоза ба рушди давлат, ваҳдати миллат ва саодати ҳар хонадони кишварамон хизмат менамоем». Ин матлаб имрӯз зимни гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба фаъолияти иҷлосияи чорум садо дод.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон Ш.Зуҳуров иброз дошт, ки дар ин давра аз ҷониби вакилони Парлумон дар бахши қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ корҳои муҳиме ба нафъи давлату миллат ба анҷом расонида шуданд. Таъкид гардид, ки дар марҳилаи сипаришудаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ буд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки дар марҳилаи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон доир гардиданд, ки дар онҳо 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз он 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 9 қонуни мукаммал, 50 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 53 созишнома, 1 конвенсия, 3 шартнома, 5 протокол ва ёддошт, 2 барномаи давлатӣ, 1 стратегия ва 9 қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун мебошанд.
Инчунин ду ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир гардид, ки дар яке Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷаласаи дуюм як силсила фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқ карда шуданд.
Таъкид шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин давра қабул шуда, ба таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона шудаанд.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






