Дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад

Июнь 11, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар бозии мавқуфгузоштаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар  дастаи  КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад.

.       Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури  мухлисони сершумор  ҷолибу диданӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  голҳои   дастаи футболи  «Истиқлол»-ро Аҳтам Назаров ва  Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Як голи дастаи КМВА «Помир»-ро Шарафҷон Солеҳов  ба нишон  расонид. Зимнан, ин пирӯзии ҳаштуми дастаи  «Истиқлол» ва бохти дуюми дастаи КМВА «Помир» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа  дастаи  футболи «Истиқлол», ки дар 11 бозӣ 26 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 24 хол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи  КМВА «Помир»-и Душанбе  бо 17 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

 

Июнь 11, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад