Давлатҳои аъзои СААД ҳамкориро дар самти таъмини амнияти иттиолоотӣ таҳким мебахшанд

Июнь 20, 2018 12:50

ДУШАНБЕ, 20.06.2018/АМИТ «Ховар»/.  Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  ҳамкориро дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои  аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ дар  соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ 20 июни соли равон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон  баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Хабарнигори парлумонии АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми  Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки санади мазкурро дар назди вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва  узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  масъалаҳои  тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Анвар Тағоймуроов тавзеҳ доданд, ки ҳадафи Созишноми мазкур нигоҳ доштани сулҳу  амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти иттилоотӣ, кӯшиш намудан ҷиҳати мамониат кардан ба истифодаи технологияҳо ва захираҳои иттилоотӣ барои ноором кардани вазъият дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД мебошад.

Инчунин ин санад барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории Тарафҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва зарурати фароҳам овардани шароит барои татбиқи минбаъдаи чорабиниҳои муштараки амалии ба такмили низоми амнияти иттилоотӣ равона гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои  аъзои СААД дар  соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ 30 ноябри соли 2017 дар шаҳри Минск- пойтахти Беларус аз ҷониби роҳбарони давлатҳои аъзои СААД ба имзо расонида шудааст. Санади мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ва тасдиқ ба палатаи поёнии Парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст.

Зимни баррасӣ ва тасдиқи  санади номбурда Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои  мубрам ва муҳим маҳсуб мешавад. Дар иртибот  зикр шуд, ки муттаҳидона ва дастҷамъона ҳамкорӣ намудан дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ дар доираи СААД саривақтӣ ва муҳим  аст.

 

Июнь 20, 2018 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид