ДУШАНБЕ СИМОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД: дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Сино майдончаи варзишии «Юка» ба истифода дода шуд

Июнь 16, 2018 10:37

ДУШАНБЕ, 16.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  арафаи таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 14 июни соли равон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишии «Юка», гулгашт ва мавзеи истироҳатию фароғатӣ барои кӯдакону наврасон ва сокинони маҳал сохта ба истифода дода шуд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,
майдончаи варзишии унверсалии бозии «Юка» аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар масоҳати 144 м2 дар намуди доирашакл бунёд ёфта, барои баргузории ҳама намуди бозиҳои варзишӣ: баскетбол, волейбол ва футбол мусоид аст.

Сохтмони майдонча бо маблағи 352 ҳазору 559 сомонӣ дар масоҳати 1850 метри мураббаъ дар муддати се моҳ бунёд гардидааст.  Атрофи  майдончаи варзишӣ аз  гулгашт, ҷои истироҳату фароғат, ҷои бозӣ барои кӯдакон ва навиштаҷотҳо аз ашъори адибони шинохтаи тоҷик  иборат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, «Юка» яке аз бозиҳои маъмулӣ дар Иттиҳоди Аврупо аз қабили Украина, Италия, Испания, Дания ва дигарон ба ҳисоб рафта, дар он хурду калон метавонанд ширкат варзанд.

Июнь 16, 2018 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад