ЭҲТИЁТ ШАВЕД: ВНМО! Дар Душанбе Конфронси миллии мубориза бо сирояти Вируси норасоии масунияти одам ҷараён дорад

Июнь 25, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе Конфронси миллӣ оид ба масьалаҳои мубрами мубориза бо сирояти Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният баргузор гардид. Иқдоми мазкур  бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули роҳҳои нави самаранок ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар конфронси мазкур масьалаҳои вазъи сироят ва мушкилоти вобаста ба ВНМО, аз ҷумла, муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни фаъолият ба миён меоянд, муҳокима гардида, ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ муайян карда шуд.

Аз рӯи маьлумоти расмии омори соли 2017, дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дарёфт шуда, аз моҳи январ то моҳи марти соли 2018  321 ҳодисаи нави ВНМО муайян гардидааст.

Тибқи иттилои муттахасисон, аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО  2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, наздик ба 90 фоизи сироятёфтагон асосан шахсони дар синни репродуктивӣ (15- 49 сола) мебошанд. Шумораи гирифторони ВНМО  соли равон 7 ҳазору 827 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 220 нафарашон бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Ба иловаи мутахассисон, ин намуди табобат солимии беморон ва бардавомии ҳаёти онҳоро дар давоми солҳои зиёд таьмин намуда, барои нигоҳдории қобилияти  меҳнат ва пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО  дар ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.

Конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо ВНМО  ва БПНМ 2 рӯз идома ёфта, дар он намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҷомеаи дин, мутахасисони соҳаи ВНМО  аз муассисаҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, мутахассисон ва коршиносон аз давлатҳои хориҷӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок доранд.

 

Июнь 25, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд