Гумрукчиёни Конибодом қочоқи маснуоти заргариро пешгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Д.М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карданд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрванд Д. М. мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ва тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.
Мувофиқи хулосаи мутахассисони филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши 375 дона маснуоти заргарии аз металлҳои тилло ва нуқра сохташуда, бо вазни умумии 1 килограмму 63 грамму 94 миллиграмм аз рӯи намуд, ҳолати молӣ ва бо назардошти навъ дар маҷмӯъ 135 ҳазору 518 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Д.М. бо моддаи 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






