Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи «EuPhO-2018» соҳиби медал гардиданд

Июнь 5, 2018 17:15

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 май то 1 июн дар шаҳри Долгопруднии Федератсияи Россия 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии аврупоӣ аз фанни физика (EuPhO-2018) баргузор шуд. Дар он 115 нафар довталаб аз 23 давлати дунё, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Руминия, Эстония, Италия, Швейтсария, Словакия, Словения, Латвия, Венгрия, Сербия, Македония ва ғайра иштирок карданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд, дар олимпиада давлати моро 2 нафар хонанда муаррифӣ намуда, дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Сабина Абдураҳмонова сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва хонандаи синфи 9 Муассисаи хусусии таълимии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Далер Пиров сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Ба шарафи онҳо Парчами Тоҷикистон дар байни 23 давлати дунё баланд бардошта шуд.

Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда,  сазовори 126 медал – 31 медали тилло, 49 медали нуқра, 46 медали биринҷӣ гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 медали тилло, 16 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

Июнь 5, 2018 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад