ХУН СУПОР ВА ҲАЁТИ ИНСОНЕРО НАҶОТ ДЕҲ! Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. (Донор калимаи юнонӣ буда, маънояш туҳфа ё инъом аст). Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер — барандаи мукофоти нобелӣ интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст. Шурӯъ аз соли 2005 ин сана чун Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад ва мақсад аз он ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад.
Имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар Тоҷикистон низ ҳар сол бахшида ба ин рӯз тадбирҳои гуногун баргузор мегарданд. Муҳимтарин барнома-баргузории нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ дар саросари кишвар аст, ки дар ин рӯз ташкил карда мешавад ва сокинони ҷумҳурӣ таҳти шиорҳои «Хун супор ва ҳаётеро наҷот деҳ», «Хуни ту ҳаёти касеро наҷот мебахшад» ба марказҳои қабул омада, хун месупоранд. Солҳои қаблӣ нафарони зиёде дар чунин чорабиниҳо иштирок карда, хун супоридаанд, ки ба андешаи мутахассисон, он барои наҷоти садҳо нафар кумак кардааст. Танҳо соли гузашта дар ин рӯз қариб 3 ҳазор нафар ба марказҳои зикршуда омада, бе подош хун супоридаанд.
«Хунсупорӣ фоидаовар аст. Бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Аз ҳама муҳим, ҳаёти касеро наҷот медиҳад»,- мегӯяд мудири шуъбаи «Гимофилӣ ва бригадаи сайёри хунгузаронӣ»-и Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Азмиддин Қутбиддинов.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, дар ҷумҳурӣ тӯли як сол қариб 50 ҳазор нафар тақрибан 24 тонна хун супоридаанд. Шахсони аз 18 то 65-сола, ки тарзи ҳаёти солим пеш мебаранд, донори хун шуда метавонанд. Дар баробари синну сол вазни хунсупоранда ё донор низ аҳамият дорад ва он набояд аз 50 кг кам бошад. Барои хуни супорида як миқдор маблағ ҳам дода мешавад, ки он аз 80 то 120 сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ғайр аз Маркази ҷумҳуриявии илмии хун боз намояндагиҳои ин марказ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон фаъолият менамоянд. Дар шаҳри Хоруғ шуъбаи алоҳидаи хунгузаронӣ дар назди Маркази саломатии вилоятӣ фаъол аст. Марказҳои зикршуда аз рӯйи меъёрҳои муайяннамудаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар сокини ҷумҳурӣ аз ташхисҳои муайяншуда гузашта, баъдан хун месупоранд. Раванди хунсупорӣ ва хунгузаронӣ хеле ҳассос ба ҳисоб меравад, дар марказҳои зикршуда ин нуктаро дуруст дарк мекунанд ва барои орӣ аз ҳар намуди хавф будани он тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
«Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад, гурӯҳи хун муайян карда мешавад, ташхиси гемоглобин гузаронида мешавад. Баъди ташхис дақиқ мекунем, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, аз қабили СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ба ин монанд бемориҳое, ки сироятӣ ва барои ҳаёти шахс хатарнок ҳастанд, ба қайд гирифта мешаванд ё не. Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Баъзе нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ва ба ин монанд бемориҳое ҳастанд, ки пас аз муддате бартараф мешаванд ва шахс метавонад хун супорад»,-иброз намуд Азмиддин Қутбиддинов.
Тарғибу ташвиқи самаранок ва фаъолияти ҳирфаии кормандони Маркази мазкур боис шудааст, ки имрӯз сокинони кишвар, махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд.
Искандар Бахтиёров яке аз ҷавонҳоест, ки чанд маротиба хун супоридааст. Ӯ мегӯяд, ки барои саломатии худ ва кумак ба нафари эҳтиёҷманд ин корро кардааст ва таъкид менамояд, ки пас аз хун супоридан одам худро ҷисману рӯҳан ҷавоншуда ҳис мекунад ва хушҳол мешавад, ки шояд ҳаёти касеро наҷот дода бошад.
«Дар бораи хунсупорӣ ё донори хун шунидаву хонда будам. Тариқи телевизиону филмҳо дида будам, ки барои бемор дар ҳолати зарурӣ чӣ гуна ба душворӣ хун пайдо мекунанд. Дақиқ намедонам, ки кай аввалин маротиба хун супоридам, аммо зери таъсири ҳамин мушоҳидаҳову андешаҳо ба хунсупорӣ оғоз кардам. Барои касеро қарздор кардан ё ягон ҳадафи дигар хун намесупорам. Хун месупорам, то дар баробари кумак ба нафаре саломатии худамро низ беҳтар кунам»,-иброз намуд Искандар Бахтиёров.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари ретсипиентҳо – онҳое, ки хун қабул мекунанд, ба хунсупорӣ ва донори хун таваҷҷуҳ менамоянд. Сокини пойтахт Фирӯза Комилова, модари ду фарзанд, мегӯяд, ки ҳангоми таваллуди кӯдаки якум ба хун ниёз дошт ва аз хуни донорӣ истифода кардааст. Ӯ иброз дошт, ки то истифода аз хуни донорӣ дар мавриди хунсупорӣ ё донори хун кам маълумот дошт ва ба он таваҷҷуҳ намекард. Аммо имрӯз муҳимияти хунсупориро дарк кардаву худаш низ барои хунсупорӣ рафтааст.
«Намедонистам, ки дар куҷо ва чӣ гуна хун месупоранду донори хун кист. Вақте худам ба хун эҳтиёҷ пайдо кардам ва хуни нафари номаълуме ҳаёти ман ва кӯдакамро наҷот дод, ба хунсупорӣ ва донори хун таваҷҷуҳ пайдо кардам. Соли гузашта ман ҳам хун супоридам ва хеле хушҳол шудам, пеш аз ҳама, барои он ки ман ҳам дар наҷоти ҳаёти касе саҳми кӯчаки худро гузоштам»,-бо эҳсос иброз медорад Фирӯза Комилова.
Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба одат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, дар Япония он ҷузъе аз фарҳанги кишвар дониста мешавад. Чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар унвони «Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ро соҳибанд.
Тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд, то «Донори фахрӣ» шаванд. Унвони мазкур ба соҳибони он баъзе имтиёзҳо медиҳад, аз ҷумла, ба нафақа 10 дарсад зам намуда, ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.
Имсол ҳам ниҳодҳои зертобеи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар саросари кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун маъракаи хунсупорӣ доир менамоянд. Интизор меравад, ки дар он сокинони зиёд иштирок намоянд. Ҳамчунин мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки иштироки шахсони машҳур ва обрӯманд дар маъракаҳои хунсупорӣ метавонад боиси таваҷҷуҳи бештари мардум ба ин кори хайру савоб гардад.
Ҷасури АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»