ХУШХАБАР! Бори аввал олими тоҷик соҳиби медали тиллои Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» («Юридические термины и их лингвистические особенности») -и доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия, асосгузори юрислингвистикаи тоҷик Туғрал Шокиров бо назардошти муҳимият ва аҳамияти илмию педагогӣ дар Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж «LIVRE PARIS-2018» соҳиби медали тилло гардид.
Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж ҳамасола доир гардида, Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад.
Тавре академик Туғрал Шокиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию маъноӣ ва сохторию мантиқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз таҳқиқ шуда, он метавонад ба густариши асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷик мусоидат кунад.
Ба гуфтаи Туғрал Шокиров, асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» аввал дар намоишгоҳи китобҳо, ки сентябри соли 2017 дар Москва ва октябри соли 2017 дар Франкфурти лаби Майн доир шуда буданд, соҳиби ҷоиза гардида, сипас ба Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж роҳ ёфт.
«Маросими ҷоизасупорӣ 15 марти соли равон баргузор гардид, мутаассифона, ман дар он иштирок надоштам. Рӯзҳои наздик ният дорам, ки барои гирифтани медали тилло ва диплом ба шаҳри Париж сафар намоям. «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» китоби 24-уми ман буда, бо забони русӣ таълиф гардидааст. Ният дорам, ки онро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба забони тоҷикӣ баргардон кунам»,-гуфт академик.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби олимони соҳаи забоншиносӣ таҳияи луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини илмӣ ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.
Академик Туғрал Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шуда, соҳиби чандин ҷоизаву дипломҳо гардидааст. Ҳамзамон мавсуф асосгузори юрислингвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқоти арзишманд анҷом додааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






