Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон
ДУШАНБЕ, 24.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.
Сарвари давлатро сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо самимият ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани бинои нави Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд.
Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои ташхисиву табобатии бинои иловагӣ шинос шуда, бо ҳайати кории он аз наздик суҳбат карданд.
Тавре маълум гашт, бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум аз шуъбаи наҷот, ҳуҷраҳои амалиёт, ҳуҷраи махсус барои хатнаи кӯдакон ва утоқҳои ёрирасон иборат аст. Дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои алоҳидаи табобатӣ бо 34 кат мавҷуд аст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои иловагии тозабунёд дорои 46 кат буда, дар баробари утоқу озмоишгоҳҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорои ошхонаи муосир барои хизматрасонӣ ба беморону аёдаткунандагон мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то имрӯз бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба стандартҳои муосир бунёд ёфтааст.
Бино ба маълумоти масъулин, барои анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагии Шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳорат» ва «Қасри замон» иҷро намуданд.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ дар бинои иловагӣ аз ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ харидорӣ шудаанд. Барои харидорӣ ва насби дастгоҳҳои тиббӣ бештар аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Бунёди ин иншооти муосири тандурустӣ имконият медиҳад, ки ташхису табобати ниёзмандон минбаъд дар ҳудуди ноҳия ҷараён гирад.
Зимни боздид аз бинои иловагӣ ва суҳбат бо табибону кормандони соҳа, Пешвои миллат табибонро ба истифодаи дурусти имконияти фароҳамовардашуда, муносибату муомилаи хуб бо беморон ва иҷрои содиқонаи масъулияти доштаашон ҳидоят карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






