Имрӯз бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон- 2018 оид ба футбол оғоз меёбанд

Июнь 14, 2018 11:42

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо бозии байни дастаҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Москва 21-умин бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз меёбанд.

Расми бошукӯҳи кушодашавии Чемпионат бо ширкати роҳбарони кишвари мизбон ва Федератсияи футболи байналмилалӣ, ҳамчунин сарояндаи машҳури Англия Робби Уилямс, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол Роналдо, операхони машҳури Россия  Аида Гарифуллина барпо хоҳад шуд.  Оғози чорабиниҳо соати 19:30 ба вақти Душанбе дар назар аст. Дар бозии ифтитоҳӣ сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.

Доварии ин вохӯрӣ ба зиммаи гурӯҳи ҳакамон аз Аргентина бо роҳбарии Нестор Питан вогузор шудааст. Ин довар дар давраи бозиҳои Ҷоми Конфедератсия-2017 аввалин нафаре гардид, ки аз видеодовар (видеоарбитр) истифода бурда, тӯби ба дарвозаи  дастаи мунтахаби Испания задаи Пеперо аз дастаи мунтахаби Португалия ба ҳисоб нагирифт.

Бори аввал Чемпионати ҷаҳон дар Россия-дар доираи кишварҳои аъзои ИДМ мегузарад. Бори аввал дар таърихи Чемпионати ҷаҳон доварон аз видеодовар истифода мебаранд. Дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 32 дастаи мунтахаб дар ҳашт гурӯҳ бо ҳам рақобат менамоянд.

Дастаҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ ҳанӯз соли 1993 як вохӯрии дӯстона барпо карда буданд, ки он бо натиҷаи 2:4 ба суди футболбозони Арабистони Саудӣ анҷом ёфта буд. Он вақт сармураббии дастаи мунтахаби Россия Павел Садирин буд.

Ба ҳамин тартиб ҷадвали бозиҳои гурӯҳии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 чунин аст:

 

Июнь 14, 2018 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон