Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи саҳмдорони НБО «Роғун» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2017 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2017 пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСК НБО «Роғун» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар маҷлис аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб шуда, Низомномаи мудирияти истифодабарӣ ва аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои соли 2018 тасдиқ гардид.








Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд






