ИШТИРОКИ 1500 НАФАР ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ ОИД БА ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР». Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Кумитаи тадорукоти ин ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 6, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 06.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти баргузории Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми ин Кумита доир гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи рафти омодагӣ ба Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гузориш дода, зикр намуд, ки  то имрӯз 65 ҳайати расмӣ бо фарогирии 1100 нафар аз 118 кишвари ҷаҳон   ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар Конференсияи байналмилалии Душанбе иштироки сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 4 мамлакат (Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибутӣ), вазирону муовинони вазирон аз 35 кишвар, инчунин роҳбарону намояндагони беш аз 41 созмони байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Ҳайати Созмони Милали Муттаҳидро дар ин ҳамоиш муовинони Дабири кулли СММ роҳбарӣ хоҳанд намуд.

Сабти номи иштирокчиёни ҳамоиш то охири ин ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар назар аст, ки дар кори Конференсия то 1500 нафар аз саросари олам ширкат кунанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани Конференсияи байналмилалӣ аз ҳисоби намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки шуруъ аз пагоҳ, 7 июн, пурра ба фаъолият оғоз менамоянд. Ба гурӯҳҳои корӣ 60 нафар волонтёрҳо низ кӯмак мерасонанд.

Бино ба гузориши Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, то имрӯз кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конференсия таъсис дода шуда, ба ҳайати он коршиносони машҳури соҳа аз тамоми манотиқи ҷаҳон шомил гардидаанд. Ҷаласаи якуми ин кумита моҳи март дар Бразилия ва ҷаласаи дуюм моҳи май дар Душанбе гузаронида шуданд. Ҷаласаи сеюм 18 июн, дар арафаи Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар пойтахти Тоҷикистон барпо карда мешавад.

Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки сомонаи расмии Конференсия (https://wsdconf2018.org/ru/) дар шабакаи интернет ба забонҳои русӣ ва  англисӣ фаъол карда шудааст.

Тавре дар Ҷаласаи Кумитаи тадорукот гуфта шуд, дар фарҷоми кори Конференсияи байналмилалӣ се ҳуҷҷати асосӣ – «Оид ба натиҷаҳои кори Конференсия», «Эъломияи Конференсия» ва «Даъват ба амал» (маҷмӯи пешниҳодоти ширкаткунандагон оид ба тадобири Даҳсолаи «Об барои рушди устувор») баррасӣ ва қабул карда хоҳанд шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози ин Даҳсола 20-21 июни соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар поёни  ҷаласаи сеюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи мазкур, ки  имрӯз баргузор шуд, ба аъзоёни Кумитаи тадорукот – роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани Конференсия супоришҳои мушаххас дод.

 

Июнь 6, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд