Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

Июнь 25, 2018 08:17

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли равон пурра ба анҷом расонида шуд.

Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «МПМК Ӯротеппа» мебошад.

Назди Нишони давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо бунёди фаввораҳо, шинонидани гулу буттаҳо ва чароғонкунӣ зебою дилрабо гардида, барои сайру гашти сокинон макони хуби истироҳату фароғат хоҳад буд.

Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунëд карда шуда, дар қатори дигар иншооти бунëдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.

Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида, дар бунëди роҳравҳо ва ҳудуди ин мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст.

Қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, ба ин восита дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018

Июнь 25, 2018 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд