Қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт

Июнь 21, 2018 19:26

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми имрӯз қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ҳадафи он  пешбурди амал ва муколамаи  сиёсӣ оид ба об барои рушди устувор таъин шуда буд, бо қабули  се ҳуҷҷати ниҳоӣ анҷом ёфт. Санадҳое, ки дар Конфронс қабул  гардиданд:

1. Эъломияи Конфронси Душанбе оид ба тавсияҳо барои амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028».

2. Рӯйхати ташаббусҳо ва робитаҳои шарикӣ, ки иштироккунандагон дар ҷараёни Конфронс барои амалисозии Даҳсола ва дигар масъалаҳои дахлдор пешниҳод карданд.

3. Хулосаи ҳамраисон, ки бо маълумоти асосии ҷаласаҳои Конфронси Душанбе.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон рӯзҳои 20-21 июни соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор гардид.  Дар Конфронси мазкур 1500 нафар  меҳмонон аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарон ва  намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ, СААД, СҲШ, ИДМ, IFAS, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, созмонҳои ҳавзаи об, институтҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимон ширкат намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи Конфронси Душанбе  Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Жэнмин, Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) Мария Чатардова, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Раиси механизми «СММ- захираҳои обӣ» Жилбер Унгбо ва Ёвари Дабири кулли СММ ва Ҳамоҳангсози ҷунбиш барои тақвияти таваҷҷуҳ ба мушкилиҳои озуқаворӣ Герда Вербург суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаҳои пленарии Конфронси Душанбе 12 панел дар мавзӯъҳои оби нӯшокӣ ва санитария, мудирияти  захираҳои обӣ (IWRM), самаранокӣ ва маҳсулнокии об, сифати об ва экосистемаҳо, афзоиши  иқтидор, аз ҷумла беҳтар намудани дониш ва таҳсилот, коммуникатсияи марбут ба об, тарғиб ва иртиботот, ҳамкориҳо дар соҳаи об, масоили вобаста ба об, озуқаворӣ, энергия ва муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ, устувории об дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо, маблағгузорӣ ва инфрасохтори устувор, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дипломатияи об, масъалаҳои об барои қишри осебпазири мардум, инчунин муҳоҷирон ва паноҳандагон баргузор гардиданд.

Дар ҷаласаҳои мазкур муовинони сарвазирҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, вазирони аз 48 кишвари ҷаҳон  даъватшуда, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, созмонҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба муносибати анҷом ёфтани кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зикр карда шуд, ки Конфронс ба ҳадафҳои гузошташуда мувафақ гардид.

Ҳадафҳои дар назди Конфронс гузошташуда чунин маънидод карда шуданд: баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва босамари  Ҳадафи шашум ва дигар Ҳадафҳои рушди устувор, баррасии қадамҳои минбаъдаи Нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ. Идома ва тавсеаи чорчӯби баррасиҳои Чорабинии сатҳи баланд оид ба ифтитоҳи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки  аз ҷониби Президенти Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк 22 марти соли 2018 тасдиқ шудааст.

Таъкид карда шуд, ки Конфронси Душанбе ҷиҳати фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об шароити зарурӣ ва саривақтӣ фароҳам овард.

Агарчӣ Конфронси Душанбе расман анҷом ёфта бошад ҳам, барномаҳои дигар идома меёбанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки пагоҳ барои меҳмонони Конфронси Душанбе сайёҳати шаҳри Ҳисор ва тамошои обанбори Норак ташкил карда шавад.

                                                                        Акрам САНГЗОДА,
                                                                         АМИТ «Ховар»

 

Июнь 21, 2018 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон