Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор беш аз 22 тонна пиллаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд

Июнь 23, 2018 10:07

ҲИСОР, 23.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор  соли равон бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак  дурнамои истеҳсоли пилларо ба 22 тоннаю 830 кг расониданд, ки ба 101,5 фоизи нақша  баробар мебошад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Ҷамъияти саҳомии фаръии «Пиллаи Ҳисор» Алиҷон Миразизов иттилоъ дод, 328 нафар сардорони оилаҳои кирмакпарвари шаҳр  имсол дар асоси барномаи «Рушду тараққиёти соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он» 500 қуттӣ  кирмаки навъи чиниро парвариш намуда, аз ҳар қуттӣ то 46 кг пилла ҷамъоварӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз парвариш ва корҳои нигоҳубини  кирмак дар шаҳри Ҳисор дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар қуттӣ ба ҳисоби миёна то 46 кг-ро ташкил медиҳад.

Соли равон сарпарастии кирмакпарварони шаҳри Ҳисорро  соҳибкорони ватанӣ ба зимма дошта, сари вақт ба ҳар кило пиллаи истеҳсолшуда 10 сомонӣ пардохт намуданд.

Инчунин баҳри назорату риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ ба кирмакпарварон мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ ба маҳалҳо  сафарбар гардиданд.

 

 

Июнь 23, 2018 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад