Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи об шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба шумор меравад

Июнь 18, 2018 11:43

ДУШАНБЕ, 18.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир мегардад. Хотиррасон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Даро бораи аҳамияти ин ташаббуси наҷиб ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

Вазъи  имрӯзаи ҷаҳони муосир  тақозои онро дорад, ки  дар баробари як зумра масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, инчунин таъмини амнияти захираҳои  обӣ  ва  муносибат бо ин неъмати  бебаҳо  низ муҳимияти  хосса  дошта бошад. Зеро афзоиши аҳолии ҷаҳон, рушди иқтисодии кишварҳои  алоҳида ва тағйирёбии тарзи муносибат  нисбат ба манбаҳои обӣ  таҳдидҳои  нав   ба миён  оварда истодаанд, ки  барои рушди бемайлони инсоният  таъсири  манфӣ мерасонанд.

Имрӯз   талабот ба манбаҳои обӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон якхела ба назар намерасад. Талаботи  оби ошомиданӣ қариб  шаш маротиба дар дунё афзудааст, ки барои  инсоният оқибатҳои  начандон хуб дорад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  кишварамон  дар суханронияшон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон махсус  зикр намуданд, ки  «мо тавонистем тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза», 2003,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», 2013 корҳои зиёд ба сомон расонем».

Дар баробари ин, ҳадафи асосии  оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 – ро иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкорӣ дар ин соҳа  муаррифӣ намуданд, ки  барои  пешгирии таҳдидҳои нави  замони муосир ва таъмини амнияти манбаҳои обӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай  хушк  шудани қисми  оби  баҳри  Арал ва дар натиҷа  пайдо шудани бодҳои намакин ба обшавии пиряхҳои  кишварҳои болооб  таъсир расонида истодааст. Аз ин рӯ, истифодаи дастҷамъонаи манбаҳои обӣ ва рушди энергетикаи кишварҳо, манбаҳои обӣ ва рушди шаҳрҳо аз қабили масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки  ба муносибати худи  инсонҳо вобастагӣ доранд ва  ба қатори масъалаҳои  таъмини амнияти манбаҳои обӣ  дохил мешаванд.  Аммо хушкшавӣ, обхезӣ ва умуман тағйирёбии иқлим  масъалаи мазкурро  боз ҳам тезу тунд  гардонида,  метавонанд  дар атрофи масъалаи истифодаи манбаҳои обӣ низоъҳои гуногуни иҷтимоию  сиёсӣ,  дохилӣ ва байналхалқӣ ба миён оваранд.

Бинобар ин, ҳалли оқилонаи масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии давлатҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ бояд дар асоси ҳамкории байнидавлатӣ ба роҳ монда шавад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои мазкур имрӯз қабули созишномаҳои мутобиқ бо шароити бамаломада зарурати нав пайдо менамояд, ки ҳам муҳимияти сиёсӣ ва ҳам  арзиши  иқтисодӣ  доранд.

Барои ба танзим даровардани  масъалаи истифодаи дастҷамъонаи манбаҳои обӣ, пеш аз ҳама,  рушди ҳамкории судманди байнидавлатӣ, фаъолгардонии сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи манбаҳои обӣ-энергетикӣ ва  коркарди механизме ба миён омадааст, ки барои муттаҳид намудани манфиатҳои бо ҳам мухолифи давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд қодир бошад. Инчунин дар раванди  ба вуҷуд овардани шароит барои рушди боустувори захираҳои обӣ мамлакатҳои минтақа бояд  саҳмгузор бошанд.

Аз ҳама муҳим,  барои муайян намудани  вазъияти пиряхҳои куҳӣ  дар  Тоҷикистон ва Қирғизистон  гузаронидани мониторинги кайҳонӣ зарур аст. Зеро  муайян намудани ҳолати манбаҳои обии минтақа аз  сарчашмаҳои  асосии пиряхҳои  ин ду кишвар вобастагӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки барои аз байн бурдани мухолифатҳои байнидавлатие, ки аз истифодаи манбаҳои обӣ-энергетикии дарёҳои байнисарҳадӣ сарчашма мегиранд, зарурати нави  қабули  созишномаҳои нави  байнидавлатӣ ба миён омадааст.  Дар  асоси  чунин  созишномаҳо коркарди стратегияҳои миллӣ оид ба об ва  пешниҳоди  Стратегияи минтақавӣ оид ба истифодаи об хеле  муҳим ва саривақтӣ  мебошад, ки барои истифодаи дастҷамъонаи захираҳои  обӣ ва бартараф намудани  таҳдидҳои  нави глобалӣ  муҳимияти махсус доранд.

Бояд гуфт, ки   суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар оғози   Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ба  ҳалли масъалаҳои норасоии захираҳои обӣ ва  талошҳои дастҷамъонаи тамоми кишварҳо нигаронида шуда буд.

Аз ин рӯ, Конференсияи  сатҳи  баланди байналмилалие, ки бо ташаббуси  Пешвои  миллат дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе  баргузор мегардад, на танҳо  ҳамкории байналмилалӣ   барои ҳалли масъалаҳои об, балки яке аз  масъалаҳои муҳим ва   шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ  ба шумор меравад.

 

Июнь 18, 2018 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»