Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе огоҳ менамояд: «Ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар як қисмати хиёбони Рӯдакӣ муваққатан қатъ карда шуд»
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 21:00-и 27 июни соли 2018 бинобар гузаронидани корҳои таъмиру навсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар хиёбони мазкур аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Саид Носир (назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) қатъ гардид.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рӯдакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ, М.Турсунзода, Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ, боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






