Маркази миллии тестӣ омӯзгорон — тафтишгарони кори хаттӣ (эссе)-ро омода менамояд

Июнь 19, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани омӯзгорон – тафтишгарони кори хаттӣ (эссе) дар 3 минтақаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд машварати омӯзишӣ доир мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шумораи иштирокдорони машварат 200 нафар аст, ки мувофиқи нақша ба 20 гурӯҳ ҷудо карда шуда, ба ҳар як гурӯҳ роҳбар таъйин гаштааст. Ба ҷуз ин, аз ҷумлаи кормандони Марказ низ 6 нафар дар ин семинар иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, машварат аз 19 то 20 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мактаби № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз 22 то 23 июн дар мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22 то 23 июн дар дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки ҳайати гурӯҳи корӣ барои баргузории машваратҳои омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода намудааст.

 

Июнь 19, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид